Таҷлили Наврӯзи хуҷастапай дар кишвари Хабаровск

Март 18, 2016 15:14

Душанбе, 18.03.2016. (АМИТ «Ховар»).-Баҳору наврӯзу зебоиро қадамашро хуҷаста мегӯем ба диёри афсонавию зебоиҳо, ба диёре, ки мардумони олишону покзамиру зебоиофарро бо номи тоҷикон дорост. Наврӯз рамзи баракату осоишу поксозии қалбу рӯҳи инсонҳои рӯи олам билҷумла тоҷикон мебошад. Ифтихору сарбаландиву ғурури ҳар як фарди дилогоҳ, пеш аз ҳама, Ватану забони модариву сарзамини аҷдодӣ ва осори таърихиаш бо фарҳанги қадимааш мебошад, ки дар ин самт метавон номи мардуми моро дар сархати аввали ин дороии худодод навишт. Имрӯз ҳар як фарди тоҷик сарбаланду болидарӯҳ аз кишвари соҳибистиқлоламон буда, бояд паи ҳифзу гиромидошти ҳама муқаддасоти миллиамон, аз қабили забону парчаму оинҳои миллӣ бошанд, зеро инсон ҳар чӣ қадар тавонову доро бошад, бе ватану арзишҳои миллӣ ҳеҷ аст.
Мақсади сафари мо ба кишвари Шарқи Дур дар арафаи Наврӯз, пеш аз ҳама, ширкат варзидан дар ин ҷашни пур зи баракату шодиҳову ифтихормандиҳои ҳамватаноне буд, ки дар кишвари Хабаровск кору зиндагӣ мекунанд. Баъди чандсолаҳо ба қавли раиси бонувони тоҷики Хабаровск Моҳтоб Ғафурова ин нахустин наврӯзе буд, ки дар сатҳи олӣ бо ширкати доираи васеи ҳамватанон баргузор гардид. Шодии ҳамватанонро ҳадду канор набуд. Аз чеҳраҳои пиру барно нур меборид, нури ифтихормандиву шодиву нишоту сарбаландӣ аз он, ки онҳо ватандору фарҳангдору миллати покзамиру зеборӯзгори олам ҳастанд, ки имрӯз дар ин гӯшаҳои дури сарзамини Русия ҷашни эҳёи табиати олам- Наврӯзро, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни ҷаҳонӣ гардидааст, таҷлил мекунанд. Чӣ гуна метавон Наврӯзро бе сабзаву суманак ва хӯрокҳои милливу бе садои дафу чанг ва майдондории паҳлавонон тасаввур кард?
Баргузории чунин ҷашни зебову сар то по гулу сабзаву зебоӣ,- гуфт дар суҳбат ба мо директори Хонаи дӯстии халқҳои кишвари Хабаровск Сулаймон Шайхов,- ҷашни бахшиши якдигар, кумаку дастгирӣ ва меҳрубониву назокат мебошад ва ба мо бори дигар нишон дод, ки тоҷикон миллати хеле қадимаву санъатпарвару покизарӯзгор мебошанд. Моро бештар ана ҳамин рангҳои зебову нотакрор ва кашидадӯзиҳои рӯи матоъҳо бо пешниҳоди беҳтарин хӯрокҳои миллӣ мафтун кард. Бовар кунед дил акнун мехоҳад парвоз кунем ба махзани ҳамин зебоиву баҳори ҷовидона-ба Тоҷикистоне, ки Худованд ба шумо табиати зебову офтобиро бо мардумони озодаву зебо ато кардааст. Вақте мегӯянд, ки дар Тоҷикистон аллакай олучаву гелос, ки мо фақат меваҳои тайёри пухтаашро мебинем, гул кардаааст, қалбҳои моро фараҳ лабрез мекунаду ба ҳайрат меафтем, ки он ҷо шояд биҳишт бошад,-гуфт дар идомаи суҳбат С.Шайхов.
Базми идона оғоз гардиду толорро садои найбазми тоҷикона, ки дар худ бӯи гулу майсаҳои диёри азизамон, хандаи беғашу хушилҳони кӯдакони хушбахти диёрамон, садои аллаи модари бузургвори тоҷик, садои шӯру шавқи қалбҳои пур аз нишоти мардуми тоҷикро таҷассум кардааст, фаро гирифт. Меҳмонон бо суханони пур аз миннатдориву эҳтиром ба оинҳои мардуми тоҷик баромад карда, дар бораи ҷамъияти тоҷикони Хабаровск, ки ба он Рустамҷон Азамов сарварӣ мекунад, қадршиносиву самимияти мардуми тоҷик бо муҳаббати бепоён сухан мекарданд. Ҷавонмардони тоҷики Хабаровск соҳибкорони муваффақ Раҳмоналӣ Давлатов, Қосимҷон Абдуллоев, бонуи фаъоли тоҷик М. Хайруллоева, Раҳматалӣ Аҳмадов, Худоёр Сафаров ва дигарон ҳар яке дар бораи Тоҷикистони азизу ифтихори ватандорӣ ҳарф заданд. Наврӯз дар Хабаровск дар ҳақиқат ба як рӯзи наву рӯзгори нав, покизагиву зебоӣ, муаррифии анъанаву расму одатҳои маъмули мардуми тоҷик табдил гардид, ки бори дигар мардумони моро чун мардуми китобдору соҳибилму соҳибдевону соҳибфарҳангу соҳибватану соҳибзабону меҳмондӯст муаррифӣ карданд.

Садбарг Боқиева,Новосибирск-Хабаровск.

Март 18, 2016 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад