Тайёр кардан ва ба муомилот баровардани пул ё қоғазҳои қимматноки қалбакӣ
Душанбе, 07.03.2016 (АМИТ «Ховар»). Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ сокинони ноҳияи Б.Ғафуров: мардони 42, 27 ва 36-сола ҳамчун гумонбар дар тайёр намудан ва ба муомилот баровардани пул ё қоғазҳои қиматноки қалбакӣ дастгир шуданд.
Муайян гардид, ки онҳо 5-уми март дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи мазкур ба марди 43-солаи вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба маблағи 9600 доллари амрикоии қалбакӣ, 30 тонна нуриҳои минералии «Карбамит» гирифтаанд. Мувофиқи маълумотномаи шуъбаи ташхисӣ 96 купюраи бо навиштаҷоти 100 доллари амрикоӣ, бе риоя кардани талаботи технологӣ тайёр шуда, қалбакӣ мебошанд.
Нисбат ба далели мазкур тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






