Ташаккули ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор

Март 31, 2016 11:08

Душанбе, 31.03.2016. (АМИТ «Ховар»).  Дирӯз дар Агентии назорати маводи нашъаовар ҷаласаи навбатии гурӯҳи кории коршиносон оид ба фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ ва пешгирии ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовари ҷаласаи роҳбарони мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, ки дорои салоҳияти бурдани мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар мебошанд, оғоз гардид.
Дар ҷаласа намояндагони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Чин, Русия, инчунин Котиботи Созмони Ҳамкории Шанхай иштирок карда, ворид намудани тағйирот ба ҳайати гурӯҳи корӣ, ташаккули ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳоро муҳокима намуданд. Инчунин нисбат ба лоиҳаи Консепсияи созмон додани Маркази зиддимухаддиротии СҲШ, лоиҳаи Стратегияи зиддимухаддиротии кишварҳои СҲШ барои солҳои 2017-2022 ибрози ақида намуданд.

Март 31, 2016 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид