Вафо Ниятбеков сардори нави Раёсати иттилооти ВКХ-и кишвар таъйин гардид
Душанбе, 04.03.2016. (АМИТ «Ховар»). Бо фармони вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷкистон Вафо Ниятбеков ба мансаби сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон таъйин гардид.
Бино ба иттилои ВКХ ҶТ, дар ин мансаб ӯ Абдулфайз Атоевро, ки моҳи декабри соли 2015 мушовири Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон таъйин гардида буд, иваз намуд.
То ин дам Вафо Ниятбеков мансаби муовини сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ-ро ишғол мекард.








Дар Панҷакент Рӯзи Парчами давлатӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад
Аз 1 январи соли 2027 тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти таксӣ амалӣ мегардад
ҲАММАРОМИ «ДИРАФШИ КОВИЁН». Парчами давлатӣ танҳо рамз нест, балки нишони нангу номус, шараф ва ягонагии тамоми сокинони Тоҷикистон аст
Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид






