Вохӯрии директори АМИТ «Ховар бо Дэвид Кэй

Март 7, 2016 16:39

Душанбе, 07.03.2016 (АМИТ «Ховар»). – Субҳи имрӯз мулоқоти директори Агентии миллии иттилоотии «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитон Заробиддин Қосимӣ бо гузоришгари вежаи СММ оид ба пешбарӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ба озодии андеша ва баён Дэвид Кэй баргузор гардид.

Зимни мулоқот оид ба самтҳои фаъолияти агентии «Ховар», аз ҷумла дар сомонаи интернетии www.khovar.tj  пахш шудани хабару гузоришҳои дақиқу муътамад ва саривақтӣ аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангиву варзишӣ, бо панҷ забон маълумот дода шуд.

Дэвид Кэй дар навбати худ аз ҳуқуқи шаҳрвандони кишвар ба ахбори расмиву муътамад аз фаъолияти Ҳукумати мамлакат ва таъмину риояи ҳифзи ҳуқуқ ба озодии андеша ва баён изҳори назар кард. Дэвид Кэй барои даъват шуданаш ба Тоҷикистон ва дастгирӣ ёфтани сафари ӯ ва ҳамроҳанаш изҳори миннатдории самимӣ намуд.

Хотирасон мекунем, ки гузоришгари вежаи СММ оид ба пешбарӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ба озодии андеша ва баён бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дошта, аллакай якчанд вохӯрӣ ва мулоқот бо роҳбарияти парлумон ва вазоратҳои кишвар баргузор кард.

 

Март 7, 2016 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард