Вохӯрии Р. Раҳимзода бо ҳайати шахсии воҳидҳои таъйиноти махсуси ВКД

Март 31, 2016 13:28

Душанбе, 31.03.2016. (АМИТ «Ховар»). -Дирӯз вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба қароргоҳи воҳидҳои таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ рафта, бо шароити хизматбарии ҳайати шахсии ин ниҳод аз наздик шинос гардид.
Р. Раҳимзода бо ҳолати омодабошии воситаҳои техникӣ ва шароити таъминоти моддӣ-маишии ҳайати шахсӣ ошноӣ пайдо намуда, барои беҳтар намудани шароити хизмат дар ин самт ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Бояд гуфт, ки воҳидҳои таъйиноти махсуси ВКД имрӯзҳо бо тамоми шароити зарурии хизматбарӣ таъмин буда, барои тамрину таълими ҳайати шахсӣ биноҳои алоҳида ва синфхонаҳо бунёд гардидааст.
Зимни вохӯрии Р. Рамазон бо ҳайати шахсӣ вазир гуфт, ки ҳайати шахсии воҳидҳои таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ дар баробари дигар ҷузъу томҳои сохторҳои қудратии кишвар барои таъмини сулҳу оромӣ дар кишвар ва амнияти мардум саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Дар вохӯрӣ як гурӯҳ кормандони воҳидҳои таъйиноти махсуси ВКД, ки зимни фаъолияти хизматиашон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд ва барои интизоми намунавию хизмати софдилонаю содиқонаашон ба Ватан бо фармони вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо нишонҳои сарисинагӣ,медалҳои ҷашнӣ ва туҳфаҳои арзишнок қадрдонӣ гардиданд.

Март 31, 2016 13:28

Хабарҳои дигари ин бахш

3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад