Зан равшангари роҳи фардои зиндагист
Душанбе, 04.03.2016. (АМИТ «Ховар»). Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Модар таҳти унвони «Зан оинаи зиндагӣ ва чароғи рӯзгор» доир гардид.
Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, профессор Сайфиддин Назарзода занону бонувонро бо Рӯзи Модар табрик намуда, барояшон хушбахтиҳои беназирро таманно намуд. Сайфиддин Назарзода аз суханони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои арҷ гузоштан ба зан- модар дар даврони Истиқлолият иқтибос оварда, таъкид намуд, ки ҳамеша дар зиндагӣ ёвару ёрирасони зан- модар бошанд, барои эҳтироми онҳо аз ҳамаи имкониятҳояшон истифода баранд.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии ДемократииТоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Умриниссо Казакова занону модаронро табрик намуда,зикр намуд, ки зан оинаи зиндагӣ ва чароғи рӯзгор аст. Зан модар буда, ӯ рисолати бузурги офарандагӣ дорад. Тавре ки Наполеон фармуда: «Модар бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар дунёро такон медиҳад».
Аз ин рӯ бояд мардон зан-модарро ҳамеша чун гавҳараки чашм эҳтиёт намуда, ба онҳо ҳамеша меҳрубону мущвиқ бошанд, зеро модар офаридгор ва тарбиятгари насли башар аст.
Дар қисмати дуюми чорабинӣ аз ҷониби хонандагони Гимназияи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе ва хонандагони Гимназияи хусусии Тоҷикистон порчаҳои шеърӣ дар васфи модар ва Наврӯзи оламафрӯз қироат шуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






