10 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ роҳхат гирифтанд
Душанбе, 6.04.2016 / АМИТ «Ховар»/. 10 нафар ғолибони Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ, ки холҳои бештарро ба даст овардаанд, тибқи Низомномаи олимпиада барои шомил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бидуни Маркази миллии тестӣ роҳхат гирифтанд.
Дар Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе даври чоруми Олимпиадаи ҷумҳуриявии хонандагон аз фанҳои табиӣ-риёзӣ баргузор гардид. Дар он 324 нафар хонанда аз фанҳои биология, география, математика, технологияи информатсионӣ, физика ва химия дониши худро санҷиданд.
Тавре аз Вазорати маориф ва илми кишвар хабар доданд, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсею гимназияҳо дар ин олимпиада алоҳида ширкат варзиданд.
Зикр гардид, ки баъди қабули “Барномаи рушди истеъдодҳо” дар ҳар шаҳру ноҳия марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо таъсис дода шуданд. Дар ин марказҳо хонандагони боистеъдоду лаёқатманд тарбия мегиранд ва дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкат варзида, Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқӣ муаррифӣ менамоянд.
Дар ҷамъбасти олимпиадаи ҷумҳуриявӣ хонандагони шаҳри Душанбе 21 медал (7 тилло, 5 нуқра ва 9 биринҷӣ), вилояти Суғд 17 медал (4 тилло, 3 нуқра ва 10 биринҷӣ), вилояти Хатлон 8 медал (2 тилло, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ), ноҳияҳои тебеи ҷумҳурӣ 6 медал (2 тилло, 3 нуқра ва 1 биринҷӣ) ва Вилояти Мухтори Кўҳистон Бадахшон 4 медал (4 биринҷӣ) ба даст оварданд.
Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саид ба ғолибон медалҳо ва дигар туҳфаҳои хотиравии кумитаи тадорукоти озмунро тақдим намуд.
Ёдовар мешавем, ки рўзҳои 9-10 апрели соли ҷорӣ дар Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Дунашбе даври чоруми Олимпиадаи ҷумҳуриявии хонандагон аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ баргузор мегардад.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






