398 мамнӯъшуда дар дохили кишвар бо ҷои кори доимӣ таъмин шуданд

Апрель 9, 2016 10:08

Душанбе, 9.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар се моҳи  соли равон ба Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва зерсохторҳои он 38 ҳазору 133 шаҳрванд бо дархост муроҷиат кардаанд.

Тавре ки сармутахасисси Раёсати муҳоҷирати меҳнатӣ Дӯстмурод Умбаров иброз намуд, ҳангоми санҷиши шаҳрвандон пеш аз сафар ба Федератсияи Русия 14 ҳазору 212 нафар дар рўйхати мамнўъшудагони   маҳзани маълумоти Хадамоти муҳоҷират қарор доштанд.

Хадамоти муҳоҷират дар якҷоягӣ бо Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 398 нафарро, ки   воридшавиашон ба қаламрави Федератсияи Русия  манъ аст, дар дохили кишвар бо ҷои кори доимӣ таъмин намуданд.

“Дар айни ҳол,  рўйхати мамнўъшудагон ба ҳолати 30 декабри соли 2015- 330 ҳазору 602 нафарро  ташкил медиҳад, ки ин рўйхат саривақт ба зерсохторҳои Хадамоти муҳоҷират дастрас шудааст. Муҳоҷирони меҳнатӣ- шаҳрвандони Ҷумҳурии  Тоҷикистон метавонанд,  пеш аз сафар дар ҷои маҳалли зист худро ройгон санҷанд”,-илова намуд Д. Умбаров.

Бино ба маълумоти Гурўҳи экспертии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии муҳоҷирати Федератсияи Русия ба  60 нафар шаҳрванди дорои якҷояшавии оила, патент, иҷозати кор, иқомат барои зист, бемор ва амволи хона мебошанд, иҷозати дубора гирифта, фаъолияташонро дар Русия давом дода истодаанд.

“Дар давраи ҳисоботӣ тавассути марказҳои тестии дохили ҷумҳурӣ ва Федератсияи Русия ба 448 нафар   муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон сертификат оид ба донистани забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Русия дода шуд”,-илова намуд     мусоҳиб.

 

 

Апрель 9, 2016 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд