Ҳаҷми истеҳсоли гӯшт нисбат ба соли 2015 -5,8 фоиз зиёд шуд
Душанбе, 1.04.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дар моҳҳои январ феврали соли 2016 ҳаҷми истеҳсоли гӯшт дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо 19 ҳазору 118 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 — 5,8 фоиз зиёд аст. Дар ҳамин давра ҳаҷми истеҳсоли гӯшт дар хоҷагиҳои вилояти Суғд 10,2 фоиз, вилояти Бадахшон 10,0 фоиз, Хатлон 4,9 фоиз, ноҳияҳои Тавилдара 6,6 фоиз, Рӯдакӣ 6,2 фоиз, Шаҳринав 2,0 фоиз, Ҷиргатол 1,7 фоизӣ зиёд шудааст. Ҳаҷми истеҳсоли гӯшт дар ноҳияи Варзоб 7,1 фоиз, Роғун 6,8 фоиз ва Файзобод 5,0 фоиз кам шудааст.
Ҳаҷми умумии истеҳсоли шир дар ҳамаи шаклҳои хоҷагӣ дар моҳҳои январ-феврали соли 2016 -96 ҳазору 684 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 -4,1 фоиз зиёд мебошад.
Дар моҳҳои январ-феврали соли 2016 ба миқдори 52,1 млн. дона тухм истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 -8,4 фоиз кам аст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид






