Ҷаҳон Қурбонов дар Чин дар даври нимниҳоӣ шикаст хӯрд
Душанбе, 01.04.2016.(АМИТ «Ховар»).- Дирӯз муштзани маъруфи тоҷик Ҷаҳон Қурбонов дар мусобиқаи литсензионӣ оид ба бокс дар минтақаи «Осиё ва «Уқёнус, ки дар Чин ҷараён дорад, дар даври ниманиҳоӣ ба нокомӣ дучор шуд. Ӯ дар рақобатҳо дар вазни то 91 кило қувваозмоиро барои роҳ ёфтан ба даври ниҳоӣ ба муштзани Чин бохт. Ҳамакнун Ҷаҳон боз як шонси ба даст овардани роҳхати олимпиро дорад. Ӯ рӯзи 2- апрел барои ҷойи севум бо намояндаи Австралия вориди рақобат мешавад. Агар муштзани тоҷик дар ин қувваозмоӣ пирӯз шавад, соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Рио-де-Жанейро мегардад. Дар ин бора ба хабарнигорон Муҳаммадшо Абдуллоев, мудири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар дод. Ӯ афзуд, ки дар ин мусобиқаи литсензионӣ аз байни даҳ муштзани тоҷик танҳо ба Ҷаҳон Қурбонов муяссар шудааст,ки муборизаро барои роҳхати олимпӣ идома бидиҳад.Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи литсензионӣ оид ба бокс дар Чин, ки 25 март оғоз ёфта буд, то 2-апрел идома хоҳад кард. Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 46 зан ва 180 мард аз 35 кишвар барои роҳхатҳои олимпӣ мубориза мебаранд. Дар сабқати мардон 30 квота ва дар сабқати занон 6 квота ихтисос дода шудааст. Муштзанҳое, ки дар ин мусобиқа ҷойҳои аз 1-ум то 3-юмро мегиранд, соҳибони роҳхатҳои олимпӣ мешаванд. Рӯзи 1 апрел қувваозмоиҳои ниҳоӣ байни мардон дар вазнҳои -49, -52, -56, -69, -75, -81 кг ва рӯзи 2-апрел қувваозмоиҳои ниҳоӣ байни мардон дар вазнҳои -60, -64, -91, +91 кг ва миёни занон дар вазнҳои -51, -60, -75 кг сурат мегирад.








Сафири Тоҷикистон бо ноиби Президенти Корпоратсияи байналмилалии молиявии рушди Амрико мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ






