«Ҷаҳоннамо» соҳиби Ҷоми «Ҷавонони Тоҷикистон»

Апрель 6, 2016 10:16

Душанбе, 6.04.2016. / АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, даври финалии мусобиқа оид ба волейбол миёни воситаҳои ахбори омма барои дарёфти Ҷоми «Ҷавонони Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар даври финалӣ дастаҳои «Озодагон» ва «Ҷаҳоннамо» байни ҳам рақобат карда, бозӣ ба ҳисоби 3:0 ба фоидаи «Ҷаҳоннамо» анҷом ёфт.
Барои ҷойи сеюм тимҳои «Ҷумҳурият» ва ТВ «Варзиш» ба майдон баромада, ғалаба насиби дастаи ТВ «Варзиш» гардид. Ҳамин тавр, ҷойи аввалро дастаи «Ҷаҳоннамо» соҳиб гардида, ҷойи дуюмро «Озодагон» гирифт ва мақоми севум насиби ТВ «Варзиш» гардид.
Дар маросими ҷоизасупорӣ муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода иштирок намуд. Номбурда ҳадаф аз баргузории мусобиқаро дӯстӣ миёни кормадони васоити ахбори омма арзёбӣ карда, таъкид дошт, ки минбаъд низ чунин мусобиқаҳо доир карда мешаванд.
Сипас, ба ғолибон медалҳо ва ҷоми мусобиқа дар фазои тантанавӣ супорида шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ соли дуюм аст, ки миёни кормандони воситаҳои ахбори омма мусобиқа оид ба волейбол барои дарёфти Ҷоми «Ҷавонони Тоҷикистон» баргузор мегардад.
Дар мусобиқаи имсола 8 даста, аз ҷумла «Ховар» (АМИТ «Ховар»), «Ҷумҳурият» (рӯзномаи Ҷумҳурият), «Ҷаҳоннамо» (Телевизиони Ҷаҳоннамо), «Озодагон» (ҳафтаномаи Озодагон), «Ҷавонон» (ҳафтаномаи Ҷавонони Тоҷикистон), «Радиои Тоҷикистон» (Радиои Тоҷикистон), «Варзиш» (Телевизиони Варзиш) ва «Хорпуштак» (маҷаллаи Хорпуштак) иштирок намуданд.

Апрель 6, 2016 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид