Ҷавонон омодаи ҳифзи марзу буми кишвар
Душанбе, 8.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри баланд бардоштани ҳисси ватанпарастии ҷавонон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои қудратии мамлакат баҳри даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ чорабиниҳои гуногуни иттилоотиву маърифатӣ ва оммавию варзиширо баргузор менамояд.
Аз ҷумла, бо мақсади баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳӣ, ватандӯстӣ, ҳифзи марзу бум, Истиқлолияти давлатӣ ва ҳимояи арзишҳои миллӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Артиш, роҳбарияти Кумита дар якҷоягӣ бо намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Сарбанд ва Бохтари вилояти Хатлон мулоқоту суҳбат анҷом доданд.
Дар ҷараёни вохӯриҳо аҳолӣ ва ҷавонон аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар ва Пешвои миллат изҳори сипос намуда, омодагии худро баҳри хизмат ба халқу Ватан иброз намуданд.
Чунин мулоқоту вохӯриҳо дар дигар шаҳру ноҳияҳо идома доранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






