Аввалин ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи рушди маҳал

Апрель 20, 2016 09:22

Душанбе, 20.04.2016, /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз таҳти роҳбарии Қосим Роҳбар, раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин ҷаласаи ҳайати мушовара баргузор гардид.
Дар ҷаласаи ҳайати мушовара Рустам Мирзоев, сармутахассиси Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳали Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҷабалӣ Раҷабов, муовини раиси вилояти Хатлон, Фируз Абдуназаров, сардори Раёсати хўроквории Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шарифулло Абдуллоев, сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилояти Суғд ва кормандони кумита иштирок доштанд.
Дар ҷаласа самти мониторинг ва арзёбии “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2005 – 2015” ва “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар давраи то соли 2015” баррасӣ гардид.
Раиси кумита нисбат ба таҳлилҳо, ки дар вилояти Суғд ва Хатлон гузаронида шуда буданд, баҳогузорӣ намуда, хулоса ва тавсияҳои худро пешниҳод карда, иброз дошт, ки кормандони кумита бояд ҳамкориро бо мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатӣ устувор намоянд, зеро ба маълумоте, ки аз ҷониби мутахассисон ҷамъоварӣ карда мешаванд, баҳои сифатӣ дода мешавад. Аз ин рў, самти фаъолият бояд он мақсад ва вазифаҳоеро муайян намояд, ки дар заминаи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асос ёфта, дар рушди ҷомеа ва кишвар такони ҷиддӣ бахшанд.
Роҳбари Кумита ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2016 – ро муҳокима намуда, вобаста ба вазифаҳои минбаъда ба воҳидҳои сохторӣ дастуру супоришҳо дод.

Апрель 20, 2016 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад