Ба истифода додани дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии 500кВ-и НБО-и Норак

Апрель 27, 2016 10:08

Душанбе, 27.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Норак Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Неругоҳи барқи обии Норак ташриф оварда, муҳимтарин қисмати ин иншооти стратегӣ – дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии 500кВ-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Сохтмони бинои дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии 500 кВ-и НБО-и «Норак» соли 2012 дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфта буд. Масоҳати ҷойгиршавии дастгоҳ, ки дар солҳои аввали баистифодадиҳии ин иншоот 4,5 гектарро ташкил медод, дар айни замон ҳамагӣ дар 0,10 сотих замин ҷойгир карда шудааст. Ба ғайр аз сарфаи масоҳати замин, инчунин ин таҷҳизот дигар афзалиятҳоро доро мебошад, ки ин аз эътимоди баланд ва кафолати тӯлонии 25 — сола иборат аст.
Хабар дода шуд, ки дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии 500 кВ бо маблағгузории  фонди Рушди Осиё ба маблағи 54 миллиону 770 ҳазор доллари амрикоӣ аз тарафи ширкати олмонии «Алстом» сохта шудааст.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки таҷҳизоти асосии дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии 500кВ (ДТПЭ), ноқилҳои баландшиддат, таҷҳизоти муҳофизатию назоратӣ ва таҷҳизоти низоми  телекоммуникатсионӣ дар давлатҳои Фаронса, Италия, Испания ва Олмон истеҳсол гардида, ба ҷумҳурӣ ворид ва дар НБО-и Норак насбу васл гардидаанд.
Хотиррасон кардан ба маврид аст, ки дар соли 2013 бо ҳидоятҳои Пешвои миллат ва тадбирандешиҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии-220 кВ дар НБО «Норак» бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд.

Апрель 27, 2016 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон