Бақияи умумии қарзҳо 4,0 фоиз зиёд шуд
Душанбе, 21.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Таҳлили маълумоти ҷамъбастии ташкилотҳои қарзӣ дар семоҳаи аввали соли равон нишон дод, ки бақияи умумии қарзҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ 11 010,1 млн. сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,0 фоиз зиёд мебошад.
Аз ин маблағ 4 742,5 млн. сомонӣ ё 43,1 фоизро қарзҳои кӯтоҳмуддат ва 6 267,6 млн. сомонӣ ё 56,9 фоизро қарзҳои дарозмуддат ташкил медиҳанд.
Дар давраи ҳисоботӣ фоизҳои миёнавазни қарзҳо дар низоми бонкии кишвар бо пули миллӣ 24,65 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 20,44 фоизи солонаро ташкил намуданд.
Ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда дар ин давра 1 млрд. 59,5 млн. сомониро ташкил дод, ки аз ин маблағ 199,8 млн. сомониаш ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон рост меояд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






