Ба муовинони якуми вазирону раисҳо этикети дипломатия ва қоидаҳои ташрифоти давлатиро меомӯзонанд
Душанбе, 12.04.2016/АМИТ «Ховар»/. Беш аз 40 нафар муовинони якуми роҳбарони мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони аввали вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ ва муовинони роҳбарони идораҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба курси такмили ихтисос, ки аз рӯи барномаи «Этикети дипломатӣ ва қоидаҳои ташрифоти давлатӣ» гузаронида мешавад, фаро гирифта шуданд.
Курси такмили ихтисос аз ҷониби Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуда, дар маросими ифтитоҳи он кормандони масъули дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар, Вазорати корҳои хориҷӣ ва Агентии хизмати давлатӣ ширкат намуданд.
Машғулиятҳо то 16 апрели соли равон идома ёфта, бо шунавандагон оид ба мавзӯъҳои таъминоти иттилоотии ташрифоти дипломатӣ, сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият, дипломатияи Тоҷикистон дар хориҷи кишвар: усулҳои асосии он, этикети дипломатӣ ва қоидаҳои ташрифоти давлатӣ суҳбатҳо гузаронида мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки ба шунавандагон ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, оид ба муносибатҳои байналмилалӣ ва роҳбарону мутахассиони варзидаи Агентии хизмати давлатӣ, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар олимони барҷаста дарс мегӯянд.
Баъди анҷоми курси такмили ихтисос ба шунавандагон гувоҳнома супорида мешавад.








Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад






