Баррасии дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб

Апрель 14, 2016 16:13

Душанбе,14.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Дубай ва аморатҳои шимолии Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб Баҳодур Сафарзода 13 апрел Патенти консулии худро ба Ноиби раҳбари Намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб дар Дубай ҷаноби Рошид Матар Ас-Сирӣ Ал-Қамазӣ расман супорид.
Дар мулоқот ҷонибҳо дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабро дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба имкониятҳои густариши ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, туризм ва илму фарҳанг табодули назар намуданд.
Дар анҷоми мулоқот Рошид Матар Ас-Сирӣ Ал-Қамазӣ Консули генералиро бинобар ба ин вазифа таъйин шуданаш табрик намуда, изҳор дошт, ки Намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Амороти Муттаҳидаи Араб дар Дубай барои самарабахш амалӣ гардидани фаъолиятҳои Консулгарии генералӣ дар кишвари иқомат дастгирӣ ва мусоидати худро дареғ нахоҳад дошт.

Апрель 14, 2016 16:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид