Беш аз 400 миллион $ Олмон барои татбиқи ду тарҳ дар шимоли Тоҷикистон

Апрель 15, 2016 17:03

Душанбе,15.04.2016/АМИТ Ховар/. Ширкати «Hos Powertech International SDN BND»-и Олмон тасмим гирифтааст дар шимоли Тоҷикистон бо сармоягузорӣ дар татбиқи ду лоиҳа иштирок намояд. Дар ин росто 15 апрел вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Шартномаи консессияи Неругоҳи барқи ҳароратии «Шӯроб» байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Hos Powertech International SDN BND»- и Олмонро ба тасвиб расонданд.
Қодири Қосим раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ҳадаф ва аҳамияти ин санадро дар назди вакилони Парлумон шарҳ дода, гуфт ки дар асоси ин шартнома ширкати олмонии «Hos Powertech International SDN BND»- ду тарҳро дар шимоли мамлакат амалӣ менамояд, ки онҳо таҷдиди
Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Ангишт» /кони ангишти Шӯроб -Исфара/, сохмтони неругоҳи барқи ҳароратии «Шӯроб» бо иқтидори истеҳсолии 300 мегаватт неруи барқ ва дигар инфрасохтори иҷтимоӣ мебошанд. Барои татбиқи ин ду тарҳ ширкати олмонӣ беш аз 400 миллион $ сармояи мустақим ҷудо менамояд. Татбиқи лоиҳаи мазкур баъди ба анҷом расонидани асосноккунии иқтисодию техникӣ аз ҷониби ширкати олмонии «Фихнер», ки он дар зарфи як сол идома меёбад, оғоз мегардад. Амалӣ намудани ин тарҳ аз ҷониби сармоягузорони олмонӣ дар шимоли Тоҷикистон дар самти татбиқи яке аз се ҳадафи стратегии кишвар ноил- гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ хеле муассир арзёбӣ мегардад.

Апрель 15, 2016 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст