Бозии «Истиқлол» –«Помир» мусовӣ анҷом ёфт
Хоруғ, 21.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Вохӯрии дўстонаи дастаи дуввуми «Истиқлол» бо дастаи «Помир» (Бадахшон) дар ҳузури бештар аз 4 ҳазор мухлисон хеле шавқовару ҷолиб гузашт. Дар қисми аввали бозӣ футболбозони «Истиқлол» ба дарвозаи ҳарифони худ 2 гол заданд, аммо дар қисми дуввум дастаи «Помир» (Бадахшон) бо ҳуҷумҳои пай дар пай ба задани 1 гол муваффақ шуданд.
Баъди чанд дақиқа «Истиқлол» ҳисоби бозиро тағйир дод ва онро ба 3:1 баробар кард. Дере нагузашта мизбонони майдон ин дафъа бо сар тӯбро вориди дарвозаи меҳмонон намуданд.
Дар дақиқаи 15-уми қисми дуввуми бозӣ дар майдончаи ҷаримавӣ тӯб ба дасти яке аз бозингарони дастаи «Истиқлол» расид ва сардовар ба дарвозаи онҳо пеналтӣ таъйин кард.
Зарба ба нишон расид ва ҳисоб мусовӣ шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид






