«CАSА-1000»: замина дар самти ташкили бозори минтақавии неруи барқ

Апрель 14, 2016 17:03

Душанбе, 14.04.2016/АМИТ «Ховар/. «Дар сурати татбиқи тарҳи бузурги «CАSА-1000» /Central Asia South Asia Electricity Transmission and Trade Project/ имконият фароҳам меояд, то аз ҳисоби интиқоли барқи изофӣ дар мавсими тобистон ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ, назири Афғонистон ва Покистон, солона то 200 миллион $ ба буҷети кишварамон ворид созем»,- мегӯяд Худобердӣ Холиқназар, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти кишвар. Мавсуф бо дахли муҳимияти татбиқи ин тарҳи бузурги минтақавӣ афзуд, ки амалӣ гардонидани лоиҳаи «CASA-1000» дар тақвияти ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодию иҷтимоӣ ва экологии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ хеле муассир буда, дар таърихи тавсеаи ҳамгироии минтақавии кишварҳои шарики тарҳи мазкур саҳифаи наверо боз хоҳад кард.
Хусусан амалигардонии лоиҳаи «CASA-1000» барои рушди иқтисоди Тоҷикистон, ки дар саргаҳи об воқеъ буда, дорои захираҳои бои обию энергетикист, хеле судманд аст. Мавриди зикр аст, ки дар мавсими тобистон истеҳсоли неруи барқ дар кишвари мо афзоиш меёбад. Дар ин росто дар сурати татбиқи лоиҳаи «CASA-1000» Тоҷикистон имконият дорад то 3 миллиард кВ/ соат неруи барқро ба кишварҳои шарики ин тарҳ Афғонистон ва Покистон дар мавсими тобистон интиқол диҳад.
Бояд тазаккур дод, ки тарҳи минтақавии «CASA-1000» бо ҳузури чор кишвари осиёӣ -Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон амалӣ гардонида шуда, интизор меравад, ки нимаи аввали моҳи май дар Тоҷикистон бо ҳузури сарони ин кишварҳо маросими расмии татбиқи лоиҳаи муштарак доир гардад. Инчунин татбиқи лоиҳаи «CASA-1000» замина ва қадами муҳимест дар самти ташкили бозори минтақавии неруи барқ дар ҳавзаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ.

Апрель 14, 2016 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад