Дар Покистон бар асари ҳамлаи силоҳбадастон ҳафт пулис ҳалок гардиданд

Апрель 22, 2016 09:29

Душанбе, 22.04.2016 / АМИТ «Ховар» /. Шахсони мусаллаҳи номаълум нимаи дуюми дирӯз ба полиси Покистон, ки амниятро барои эм кардани кӯдакон бар зидди бемории фалаҷ таъмин менамуд, ҳамла карданд. Дар ин бора агентии «Синхуа» бо истинод ба мақомоти полиси шаҳри Карочӣ хабар дод.
Дар натиҷаи бархӯрд на кам аз 7 полис ба ҳалокат расида, 3 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.
Бино ба иттилои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, чор шахси мусаллаҳи мототсиклсавор ба сӯи полис ва мошинҳои онҳо оташ кушода, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
То ҳол касе масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифтааст.
Сарвазири Покистон Навоз Шариф ин ҳодисаро маҳкум кард.

Апрель 22, 2016 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик