Дар ҳудуди Тоҷикистон заминҷунбӣ ба қайд гирифта шуд

Апрель 11, 2016 09:38

Душанбе, 11.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар заминҷунбие, ки рӯзи 10 апрел дар Тоҷикистон рух дод,ягон хисорот ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Ориф Нозимов иттилоъ дод.
Мувофиқи маълумоти Маркази зилзиласанҷии шаҳри Душанбе рўзи 10 апрели соли равон соати 15:28 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминҷунбӣ ба қайд гирифта шуд.
Маркази заминларза дар километри 300-уми самти ҷанубу-шарқи шаҳри Душанбе дар қаламрави Ҷумҳурии Исломии Афғонистон буда, он дар марказаш 5 балл, дар шаҳри Душанбе 4 балл, дар ВМКБ 4,5 балл ва дар вилояти Суғд 3 баллро ташкил дод.

Апрель 11, 2016 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе