Даъвати ҷавонон ба зиракию ҳушёрӣ дар Норак
Норак, 16.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. 15 апрели соли равон дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оид ба пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ миёни ноболиғону ҷавонон, аз қабили ҷинояткорӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, зўроварӣ, худкушӣ ва сўиқасд ба ҷони худ, танфурўшӣ, хариду фурўши инсон, омўзиши моҳият ва муҳтавои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», ҳамзамон тарбияи наврасону ҷавонон дар рўҳияи ватандўстӣ, хештаншиносӣ, худогоҳӣ, созандагию бунёдкорӣ ва тарғиби идеологияи солим вохўрии гурўҳи таблиғотии мақомоти иҷроияи вилоятӣ бо сокинони ҷамоатҳои деҳоти Дӯконию Пули Сангини шаҳри Норак доир гардид.
Дар вохўриҳо масъулин роҷеъ ба пешгирии омилҳои номатлуб изҳори назар намуда, аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рўзи Ваҳдати миллӣ ва 25- солагии Истиқлолияти давлатии Тҷикистон тамоми кўшишу ғайрати худро равона намоянд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






