Давраи имтиҳонсупорӣ барои таҳсил дар донишгоҳҳои Русия оғоз шуд

Апрель 13, 2016 10:51

Душанбе, 13.04.2016./АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таълимии Федератсияи Русия имтиҳон супориданд.
Бо ин мақсад дар ДДҲБСТ нуқтаи қабули ҳуҷҷатҳои шахсоне, ки хоҳиши иштирок дар озмуни интихоби довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таълимии Русия дар соли таҳсили 2016-2017-ро доранд, таъсис дода шуд.
Аз 9 марти соли 2016 то 19 марти соли 2016 ҳуҷҷатҳои 956 нафар довталабон (аз ҷумла: 26 нафар ба магистратура, аспирантура ва ординатура) аз рўи 4 равия (гуманитарӣ-117 нафар, иқтисодӣ-163 нафар, техникӣ-274 нафар, тиббӣ-376 нафар) барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Федератсияи Русия аз рўи зинаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ баъд аз хатми синфи 11, бакалавр, мутахассис, магистратура, аспирантура ва ординатура дар китобхонаи электронии донишгоҳ ба қайд гирифта шуд. Имтиҳоноти тестӣ таҳти роҳбарии Р. Мирбобоев — муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, ба сифати нозир В.А. Бондаренко — консули генералии Русия дар шаҳри Хуҷанд, Ф.М. Пираков– муовини директори Муассисаи давлатии Маркази барномаҳои байналмилалӣ, М. Ҳоҷиев– сармутахассиси Муассисаи давлатии Маркази барномаҳои байналмилалӣ, М. Самадов — сармутахассиси Муассисаи давлатии Маркази барномаҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд.

Апрель 13, 2016 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар