Даври аввали Фестивал-озмуни «Андалеб-2016» дар Кӯлоб доир гардид
Душанбе, 22.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон даври якуми Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016» доир гардид.
Тавре ки аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар доданд, дар маросими кушодашавии фестивал-озмун кормандони соҳаи маориф ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дастранҷи хешро ба намоиш гузошта, аз ҷониби ҳакамон баҳои баланд гирифтанд.
Мавриди зикр аст, ки озмуни мазкур ҳамасола дар ҷумҳурӣ бо мақсади рӯи саҳнаи ҳунар овардани чеҳраҳои нав, тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳли ҷомеа ва арҷгузорӣ ба мероси пурғановати фарҳанги миллӣ гузаронида мешавад.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






