Эмомалӣ Раҳмон — асосгузори мактаби нави сиёсати хориҷӣ
Душанбе, 14.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Мехоҳам сухани худро дар бораи сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва гузаштаву имрӯзи он, бо тозатарин роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз намоям: «Сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати «дарҳои кушода», сулҳхоҳона ва беғараз буда, дар роҳи татбиқи он давлати мо омода аст, ки бо ҳамаи кишварҳои дунё робитаҳои дӯстонаро бар пояи эҳтироми ҳамдигар, баробарӣ ва ҳамкориҳои судманд густариш диҳад». Дар ин як ҷумлаи Сарвари давлат, ки аз Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олӣ иқтибос оварда шуд, меҳвари асосии сиёсати хориҷӣ ва равобити байналмилалии Тоҷикистон барои имрӯзу фардо муайян шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат поягузори мактаби нав дар сиёсати хориҷӣ ва равобити байналмилалист. Зеро, замоне ки ӯ масъулияти кишвари ҷангзада ва дар ҳоли фурӯпоширо бар уҳда гирифт, ҳеҷ поя ва заминае барои пешбурди сиёсати хориҷӣ вуҷуд надошт. Ҳама медонем, ки агар Тоҷикистони мо дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ дар идоракунии бахши иқтисодию иҷтимоӣ замина ва таҷрибае дошт, дар бахши равобити байналмилалӣ чунин таҷриба ё вуҷуд надошт ва ё хеле маҳдуд буд. Дар даврони истиқлол низ ҳанӯз фурсати ин кор ба даст наомада буд. Зеро аз замони эълони Истиқлол (сентябри соли 1991) то шурӯи даргириҳои дохилӣ (майи соли 1992) на замони кофӣ дар ихтиёр доштему на давлати бокифоят бар сари кор, то равобити хориҷиро пай бирезаду мустаҳкам намояд ва мақому манзалати давлати нави тоҷиконро дар арсаи ҷаҳонӣ муайян созад… Пас, ҳар чи ӯ кард, аз сифр оғоз карду навоварӣ буд. Ва ба ҳар ҷо, ки расид, аз тадбиру заковаташ расид ва аз эътимоду иттико ба хиради азалии мардуми худ.
Албатта, таърих сиёсатмадоронеро зиёд дидааст, ки давлати худро дар ҷаҳон муаррифӣ кардаанду сиёсати хориҷии худро ба ҷаҳониён қабул кунондаанд. Аммо нуктаи зариф ин ҷост, ки аксари онҳо бо зӯри силоҳ, бо маҳсулоти пешрафта ва ё бо пулҳои ҳангуфт дар саҳнаи ҷаҳон нақшофарӣ кардаанд. Пешвои миллати мо дар шароите қарор дошт, ки бояд ҷойгоҳи кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ бе ракетаву бомба, бе эҳдои ёриҳои фаровони башарӣ, бе сарфи миллионҳо доллар дар самти таблиғоти расонаӣ, бе содироти технологияи нодир (ки дар ихтиёри кишвари мо набуд) баланд мебардошт. Ва ӯ ин корро кард, бо тадбиру фаросат, сулҳоварию ваҳдатофарӣ, ташаббусҳои созандаи глобалӣ, мавқеи босуботи сиёсӣ ва равобити неки байналмилалӣ.
Ҳаракат дар масири демократия ва бунёди ҷомеаи адолатпарвари дунявӣ, ки Конститутсия онро кафолат медиҳад, яке дигар аз ташаббусҳои Эмомалӣ Раҳмон аст. Ба ёд биёрем, ки ӯ ҳанӯз дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, баробари Раиси ин Шӯро интихоб шуданаш эълон кард, ки: «Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам». Дар ин ҷумлаи ба зоҳир сода маънии амиқе нуҳуфтааст. Он замон баҳсу ҷидол дар кишвари мо асосан бар сари ҳамин мавзӯъ буд, ки мо кадом шакли ҳокимиятро қабул намоем, ба кадом арзишҳо пойбанд бошем ва бо кадом роҳ равем. Барои посух додан ба ҳамаи ин чуну чароҳо роҳбари мамлакат кушоду равшан ба мардуми худ ва ба ҷомеаи ҷаҳонӣ паём дод, ки мо танҳо масири демократӣ ва ҳуқуқбунёдиро пеш мегирем.
Дар ин росто, каме баъдтар, соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудани Конститутсия ва интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси боло рафтани эътибори байналмилалии давлат гардид. Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон намуда, халқи Тоҷикистонро қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кард, баробарҳуқуқию дӯстии тамоми миллату халқиятҳо ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро аз ҷумлаи ҳадафҳои волои давлат эълон намуд.
Маъмулан, роҳбарони кишварҳои дар ҳоли ҷанг ба чизи дигаре ғайр аз бозгардонии субот намеандешанд. Ва ё ба ибораи дигар, неруи зеҳнӣ ва қудрати тасмимгирии кофӣ барои умури дигарро надоранд. Зеро вазъи амниятӣ чунон гирифторашон мекунад, ки на танҳо имкон, балки ҳавсала ва умеди беҳтар кардани дигар бахшҳоро аз даст медиҳанд. Онҳоро чунин фикр ба худ машғул медорад, ки «…маълум нест ояндаи кишвар чӣ мешавад, маълум нест ояндаи ману ҳукумати ман чӣ мешавад, пас чаро ин қадар худро азоб диҳам…» ва ғайраву ҳоказо. Вале ин ҷо ҳам фарқи Эмомалӣ Раҳмон дар он аст, ки ӯ ҳамзамон бо талошҳои сулҳофарӣ ва сарҷамъ кардани миллат, тамоми бахшҳои дигари ҷомеа, аз ҷумла сиёсати хориҷиро танзим ва такмил дод. Ӯ ба ҳамаи ин вақт ва неру ёфт. Зеро ба миллаташ ва ба ояндае, ки худаш ваъда дода буд: «Ман ба шумо сулҳ меорам», бовар дошт ва барои расидан ба ин рӯзи нек худашро вақфи миллаташ карда буд.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 1993 нахустин бор аз минбари Созмони Милали Муттаҳид сухан ронда, ҷомеаи ҷаҳониро бо нияту нақшаҳои бунёдкорона, ҳадафҳои сиёсии сулҳҷӯёна, расидан ба ваҳдати миллӣ, инчунин таҳкиму тақвияти ҳамкориҳо бо ҳама кишварҳои сулҳпарвари ҷаҳон ошно намуд. Кишвари мо ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуд ва бо аксари мамлакатҳои дунё робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор кард.
Сиёсати сулҳҷӯёнаи роҳбари ҷавони давлати навтаъсис аз рӯзҳои аввали ба сари ҳокимият омаданаш мавриди дастгирии на танҳо мардуми шарифи Тоҷикистон, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ низ қарор гирифт ва заминаи хубе шуд барои ба роҳ мондани сиёсати хориҷӣ ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани давлати тоҷикон. Ин аст, ки нуфузу обрӯи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ сол ба сол боло меравад ва кишварҳои олам тамоюли худро барои густариши равобит бо мо эълом медоранд.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аксарияти кишварҳои ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, 150 давлат Истиқлолияти давлатии кишвари моро расман эътироф кардааст. Тоҷикистон дар ҳамаи созмонҳои минтақавӣ ва аксар созмонҳои байналмилалӣ узвият дошта, аз арзишҳо ва манофеи миллӣ дифоъ мекунад, дар масоили ҷаҳонӣ назари худро матраҳ месозад ва пешниҳодҳои мушаххасро дар бораи ҳалли ин масоил ба миён мегузорад. Акнун ҳеҷ гуна тасмимгириҳои дастаҷамъиро дар минтақа бе ҳузури фаъоли Тоҷикистон наметавон тасаввур кард. Ва инак, аз баракати ин марди бузург миллатеро бо номи тоҷик ва кишвареро бо номи Тоҷикистон тамоми олам мешиносад.
Табиист, ҳар кишваре барои ҳузур ва нақшофарӣ дар саҳнаи ҷаҳонӣ ниёз ба заминаҳои ҳуқуқие дорад, ки ҳам манфиатҳои миллиро дар тамоми арсаҳо ҳимоят кунанд ва ҳам бо меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқат дошта бошанд. Ин аст, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввал то имрӯз заминаҳои ҳуқуқии робитаҳои хориҷиро мувофиқ ба талаботи замон ва ниёзҳои Тоҷикистон ба вуҷуд оварда, тадриҷан мукаммал намуд, ки ҳамчун намуна ба чанде аз онҳо метавон ишора кард: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шартномаҳои байналмилалӣ” (1999), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати дипломатӣ» (2014), Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2015) ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини татбиқи сиёсати ягонаи хориҷӣ» (2015).
Соли 2001 Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои равобити байналмилалии кишварамонро дар давраи нави баъди бозгашти сулҳу оромиш муайян кард. Пас аз чордаҳ сол, бо таваҷҷуҳ ба шароити нави ҷаҳонӣ ва хусусиятҳову афзалиятҳои муосири Тоҷикистон Консепсияи нави сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 қабул гардид. Он санади асосии муайянкунандаи хатти машйи сиёсати хориҷии кишварамон маҳсуб мешавад ва таъкид менамояд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи салоҳияти конститутсионии худ самтҳои асосии сиёсати хориҷии кишварро муайян намуда, чун Сарвари давлат Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунад. Вазорати корҳои хориҷӣ мустақиман раванди сиёсати хориҷиро амалӣ намуда, нақши ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти давлатии ҳокимияти иҷроияи Тоҷикистонро дар дохил ва берун аз кишвар дар мавриди масъалаҳои сиёсати хориҷӣ ба уҳда дорад.
Бояд гуфт, ба вуҷуд овардани заминаи боэътимоди ҳуқуқии робитаи дипломатӣ, таҳия ва татбиқи усуливу пайгиронаи стратегияи ҳамаҷониба асоснок ва санҷидашудаи байналмилалӣ бо дарназардошти ҳадафҳо ва манфиатҳои олии Ватан ва дар айни замон ҳамоҳанг сохтану омезиш додани онҳо бо манфиатҳои умумибашарӣ омили ташаккул ва табдили Тоҷикистони соҳибистиқлол ба узви мустақил, фаъол, ташаббускор ва соҳибэҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид. Танҳо як нигоҳи гузаро ба нақши Тоҷикистон дар ҳалли масоили минтақавӣ ва ҷаҳонӣ хабар аз нуфуз ва ҷойгоҳи кишварамон медиҳад.
Пӯшида нест, ки даҳаи аввали истиқлолият дар Тоҷикистон асосан дар роҳи ба эътидол овардани вазъият ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ сарф шуд. Бо гузаштан аз ин марҳила, ки марҳилаи аввали пас аз истиқлол буд, Тоҷикистон дарҳои худро ба рӯи ҳамаи кишварҳои олам кушод. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо эълони «сиёсати дарҳои боз» равобити байналмилалиро баҳри муаррифии Тоҷикистон дар ҷаҳон ва ҷалби сармояи хориҷӣ барои бозсозии кишвар оғоз намуд, ки ин сиёсат имрӯз ҳам бомуваффақият идома дорад. Дар оғоз баъзе сиёсатмадорон бар ин андеша буданд, ки дар шароти баъдиҷангӣ шояд сиёсати дарҳои кушода барои Тоҷикистон чандон мувофиқ набошад ва беҳтар аст, ки ба хотири ҳифзи суботу амният ва пешгирии дахолати бегонагон то чанд муддат кишвар каме баста боқӣ бимонад. Аммо Эмомалӣ Раҳмон, ки вазъи дохилӣ ва авзои ҷаҳониро беҳтар аз ҳар каси дигар медонист, дар ин мавқеъ устувор монд ва сиёсати дарҳои бозро идома дод.
Ҳамакнун, бо гузашти солҳо собит шуд, ки барои Тоҷикистон, ба далели ҷойгир шуданаш дар яке аз минтақаҳои мураккаби олам, сиёсати дарҳои кушода беҳтарин равиш барои пешбурди фаъолият дар самти сиёсати хориҷист. Ин сиёсат ба маънои эъломи омодагии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ бо тамоми давлатҳои ҷаҳон бар асоси баробарӣ ва манфиатҳои дуҷониба аст. Имрӯзҳо мо самараи чунин робитаи гуногунсамту гуногунҷанбаро дар арсаҳои мухталиф мебинем ва кишварҳои минтақа низ мантиқи сиёсати дарҳои бозро эътироф мекунанду қобили пайравӣ медонанд. Зеро ин сиёсат боис шуд, то кишвари мо на танҳо мавқеияти худро қавитар созад, балки бо ёфтани равиши хоси дипломатияи худ, дар ҳалли масоили минтақавӣ ва ҷаҳонӣ фаъолона иштирок намояд.
Дар шаҳри Душанбе дар як вақт баргузор шудани ҳамоишҳои cарони давлатҳои cе созмони қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ — Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (5 — 6 октябри соли 2007), ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон (28 августи соли 2008), мулоқотҳои сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва чорҷонибаи Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Федератсияи Русия (30 июли соли 2009), Конфронси илмии байналмилалӣ бахшида ба 800 — солагии Ҷалолиддини Румӣ (6 — 8 сентябри соли 2007), Симпозиуми байналмилалии «Мероси Абуҳанифа ва аҳамияти он дар муколамаи тамаддунҳо» бо иштироки зиёда аз 500 олиму мутафаккир ва шахсиятҳои барҷастаи олами сиёсат ва илму маърифат аз 50 кишвари ҷаҳон (5 октябри соли 2009), иҷлосияи 37-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои исломӣ (18 — 20 майи соли 2010), Конфронси байналмилалии РЕККА оид ба Афғонистон бо ширкати намояндагони 75 кишвар ва созмони байналмилалӣ (26 — 27 марти соли 2012), барои аввалин бор дар Тоҷикистон баргузор шудани ҷашни байналмилалии «Наврӯз» бо ширкати роҳбарони чор давлат, намояндагони беш аз 35 мамлакати ҷаҳон ва 40 созмони минтақавию байналмилалӣ (25 марти соли 2012), Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» дар солҳои 2005 — 2015 бо ҳузури беш аз 1500 нафар аз 100 кишвари ҷаҳон ва даҳҳо созмони байналмилалию минтақавӣ (9 -11 июни соли 2015), ҳамчунин баргузории конфронсу семинар ва симпозиумҳои сершумори дигар гувоҳи возеҳи табдил ёфтани Тоҷикистон ба маркази баргузории чорабиниҳои минтақавию ҷаҳонист.
Шакке нест, ки пешвоёнро дар ҷаҳон бо ташаббусҳои фарогир ва нақшгузорӣ дар ҳалли мушкилоти глобалӣ мешиносанд. Дар ин бахш низ Эмомалӣ Раҳмон яке аз сиёсатмадорони фаъоли ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Ӯ муаллифи се ташаббуси бузургест, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ ва аз тарафи СММ амалӣ шудаанд: «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» ва «Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт, 2005-2015». Пешниҳоди дигари Президенти мамлакати мо дар хусуси эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, 2015-2025» низ ҳамовозии ҷаҳонӣ ёфта, заминаи иҷрои он дар ҳоли баррасист. Бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони чанд кишвари дигар 23 феврали соли 2010 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи навбатии 64-уми худ, таҳти унвони «Фарҳанги ҷаҳон» бо аксарияти раъйҳо рӯзи 21 мартро «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» эълон кард. Ва имрӯзҳо пешниҳоди нави Сарвари давлати мо — «Андешидани чораҳои глобалӣ дар мавриди мубориза бар зидди нашъамандӣ ва таблиғи тарзи ҳаёти солим» мавриди истиқболи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои гуногун, ҳамзамон бо ташаббусҳои оламгир ва баромаду суханрониҳо аз минбарҳои бузурги ҷаҳонӣ, бо таълифи китобҳои арзишманд, ки бо чандин забон тарҷума ва дар саросари олам паҳн гаштаанд, тоҷикон ва Тоҷикистонро барои ҷаҳониён муаррифӣ кардааст. Аз ҷумла, «Тоҷикистон: чаҳор соли истиқлолият ва худшиносӣ» (1995), «Тоҷикистон: дар роҳи демократия ва ҷомеаи мутамаддин» (1996), «Тоҷикон дар ойинаи таърих: аз Ориён то Сомониён», «Тоҷикистон дар остонаи фардо» (1997), «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» (2002).
Дар хотима ба як нукта бояд таваҷҷуҳ дошт, ки кишварҳои олам ҳангоми тарҳрезии сиёсатҳои дарозмуддат ва интихоби мамлакате ҳамчун шарики стратегӣ, пеш аз ҳама, ба оромиши кунунии он ва заминаҳои субот дар оянда менигаранд. Аз ин нуқтаи назар, Тоҷикистон ба баракати сиёсати сулҳҷӯёна ва ваҳдатофари Эмомалӣ Раҳмон, аз тарафи шарикони хориҷии мо кишваре шинохта мешавад, ки ояндаи босубот ва сиёсати устувор дорад. Ин навъи нигариш, бешубҳа, роҳро барои ҳамкориҳои оянда ва сармоягузориҳои дарозмуддат боз намуда, заминасози рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва нақшофарии бештари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва ҷаҳон хоҳад буд.
Сироҷидин АСЛОВ,
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рӯзномаи «Ҷумҳурият», 13.04.2016 № 71