Хуч дар баробари пистаю чормағз зироати асосӣ ва фоидабахши соҳаи ҷангали Тоҷикистон ба ҳисоб меравад

Октябрь 12, 2025 09:10

ДУШАНБЕ, 12.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Мавсими ҷамъоварии меваи хуч фаро расидааст. Кишоварзон  аз оғози моҳи сентябр дар баъзе минтақаҳои мамлакат то охири моҳи октябр меваи онро ҷамъоварӣ менамоянд. Аҳамияти иқтисодии буттаи хуч дар он аст, ки баъд аз ду сол ба ҳосил медарояд. Аз як буттаи хуч то 5-10 килограмм меваи тар ҷамъоварӣ намудан мумкин аст, яъне аз як гектар боғи хуч то 4 — 8 тонна маҳсулоти тар ё 2 – 4 тонна меваи хушк ҷамъоварӣ кардан мумкин аст.

Хуч аҳамияти калони экологӣ низ дорад, он, аз ҷумла дар мубориза бар зидди шусташавии хок, мустаҳкам кардани қумзор ва заминҳое, ки барои истифодаи кишоварзӣ номувофиқ мебошанд, истифода бурда мешавад. Дар ҷаҳон зиёда аз 400 навъи хуч мерӯяд, дар Тоҷикистон 18 навъи он парвариш шуда, навъҳои худрӯй низ ҳастанд.

Ба иттилои директори Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Шарофиддин Кароматов, хуч дар баробари пистаю чормағз зироати асосӣ ва фоидабахши соҳаи ҷангали Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.  Хучро дар бештари минтақаҳои Тоҷикистон парвариш намудан мумкин аст. Хусусияти биологии хуч он аст, ки ба гармӣ ва равшанӣ эҳтиёҷи баланд дорад. Нарасидани гармӣ ва рӯшноӣ дар тобистон ва бо намӣ таъмин нашудани он сабаби суст афзоиш ёфтани бутта, навдаҳои ҷавон ва кам гардидани ҳосили соли оянда мегардад.

Муҳлати аз ҳама беҳтарин барои шинонидани ниҳолҳо тирамоҳ-баъд аз рехтани баргҳо мебошад. Ниҳолҳоро дар аввали фасли баҳор низ то зиндашавии табиат мешинонанд. Дар фасли зимистон шинонидани ниҳолҳо дар ҳолати то 5 дараҷа гарм будани ҳаво шинонидан мумкин аст. Хучро аз дона ва пайванди он зиёд кардан мумкин аст. Пеш аз шинонидани решаҳо пору ва намии чуқурии он бояд таъмин карда шавад. Давоми сол на кам аз ду маротиба бояд бехи ниҳолҳо ва байни қаторҳо нарм карда шавад.

Тавре мутахассисони Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия»-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино  иброз намуданд, меваи хуч дорои ранги норинҷии сурх то сурхи ҷигарии ҷилодиҳанда мебошад. Дамобаи хуч хосияти талхаронӣ дошта, аз витаминҳои гуногун иборат аст. Он дар таркибаш кислотаи аскорбинӣ, витаминҳои В,К,Р, Е,  каратиноидҳо ва дигар моддаҳои фаъоли биологӣ дорад.

Табибон истеъмоли онро барои табобати бемориҳои ҷигар (газаки талхадон, газаки ҷигар), гурда, масона, дил, фишори баланд, зиёдшавии туршии шираи меъда ва сардард тавсия медиҳанд.

Ба тавсияи мутахассисон, тақрибан 10 грамм (1 қошуқи ошӣ) хучро дар зарфи шишагӣ, чинӣ ё зарфи сирдор гирифта, ба болои он 200 милиграмм (1 истакон) оби гарми ҷӯшида рехта, бо сарпӯш маҳкам карда, дар болои товаи буғӣ 15 дақиқа нигоҳ доштан зарур аст. Баъдан дар ҳарорати хона 45 дақиқа хунук карда, рӯзе 2 маротиба нимистаконӣ баъд аз хӯрок истеъмол намудан заурр аст.

Хучро асосан дар саноати дорусозӣ васеъ истифода мебаранд. Зеро хуч манбаи ликопин ва витаминҳои А, В, Е, К мебошад, ҳамчунин дар таркибаш оҳан, магний ва дигар моддаҳои минералии фоиданок дорад.

Таҳқиқоти олимон собит намуд, ки дар таркиби хуч витамини С нисбат ба лимӯ, мандарин ва афлесун 60 маротиба бештар вуҷуд дорад. Ин витамин иммунитети инсонро пурқувват гардонида, ба мубориза бар зидди вирусу микроб ва бемориҳои сироятӣ тобовар менамояд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 12, 2025 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

14 ОКТЯБР–РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Соҳибкорон неруи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон мебошанд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАРАНДАҲОИ МУҲОҶИР. Ҳудуди Тоҷикистон яке аз масирҳои асосии кӯчиши парандагон дар Осиё аст
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Шудгор аз аввали моҳи октябр то охири моҳи декабр гузаронида мешавад