МАҲСУЛОТИ НОНӢ. Истеъмоли зиёди он сабаби пайдошавии бемориҳо мегардад

Октябрь 11, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 11.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи таҳқиқоти Агентии омории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нимсолаи якуми соли равон ҳар аъзои хонаводаи мамлакат маҳсулоти нониро бештар истеъмол намудааст.

Тибқи маълумоти оморӣ, дар шашмоҳаи якуми соли 2025 ба ҳисоби миёна ҳар аъзои хонаводаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як моҳ 14 килограмм маҳсулоти нонӣ, 3,48 килограмм картошка, 8,41 килограмм сабзавоту полезӣ, 2,60 килограмм мева ва буттамева, хушкмева, 1,39 килограмм қанд ва маҳсулоти қаннодӣ, 2,05 килограмм гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, 0,2 килограмм моҳӣ ва маҳсулоти моҳигӣ, 3,85 литр шир ва маҳсулоти ширӣ, 14 дона тухм ва 1,67 килограмм равғани растанӣ ва маргарин истеъмол намудаанд.

Тибқи рақамҳои оморӣ, истеъмоли маҳсулоти нонӣ дар ин давра ба маълумоти нимсолаи якуми соли 2024 тақрибан баробар мебошад. Яъне ҳар аъзои оилаи мамлакат дар нимсолаи якуми соли 2024 ба ҳисоби миёна 14,30 килограмм маҳсулоти нонӣ истеъмол намудааст. Аз натиҷаҳои таҳқоқот муайян гардидааст, ки ҳар аъзои оилае, ки дар деҳот аст, дар як моҳ 12,60 килограмм ва ҳар аъзои оилае, ки дар шаҳр зиндагӣ дорад, 16,29 килограмм маҳсулоти нонӣ истеъмол намудаанд.

Аз ин маълумот бармеояд, ки сокинони шаҳр бештар маҳсулоти нонӣ истеъмол кардаанд. Ғизошиносон ин ҳолатро ба он рабт медиҳанд, ки дар пойтахти мамлакат нуқтаҳои фурӯши хӯрокҳои тезтайёр зиёд гардидааст ва таркиби асосии ин гуна хӯрокҳоро нон ташкил медиҳад. Истеъмоли ин гуна ғизоҳо ба саломатии сокинон зарар дорад.

Ғизои дуруст бадани инсонро солим нигоҳ дошта, мустаҳкам ва бемориҳои аз ғизо вобастаро пешгирӣ менамояд. Албатта, истеъмоли нон ва маҳсулоти нонӣ ба хислату одати мардуми мо вобастагӣ дорад, вале истеъмоли аз меъёр зиёди он сабаби гирифторӣ ба бемориҳои зиёд, ба мисли фарбеҳӣ мешавад.

Дар заминаи фарбеҳшавӣ эҳтимоли гирифторӣ ба бемориҳои дил, фишорбаландӣ, диабети қанд ва чандин бемориҳои дигар зиёд мешавад. Аз ин рӯ бояд гуногунии истеъмоли ғизо ба назар гирифта ва риоя шавад, то шахс сафеда, чарбу, минералҳо ва витаминҳои заруриро ба худ гирад.

Фарбеҳӣ эҳтимоли ба бемориҳои ниҳоят хатарнок, ба монанди сакта ва инсулт мубтало шуданро зиёд мекунад.

Фарбеҳӣ кори манзумаи нафаскаширо мушкил мегардонад, ки ин ҳам боиси пайдо шудани дард дар дил, қатъи кӯтоҳмуддати нафас ҳангоми хоб (на камтар аз 10 сония) ва мондашавии шадид мегардад. Инчунин фарбеҳӣ ба дил фишор меорад ва ин боиси пайдоиши мушкилиҳо вобаста ба фишори хун мегардад. Инсонҳои фарбеҳро бисёртар холесистит ва бемории санги талхадон азият медиҳанд. Нафароне, ки фарбеҳ мебошанд, хавфи ба бемории саратони рӯдаҳо, гурдаҳо ва меъда гирифтор шудан дар онҳо зиёд аст.

Аз ин рӯ ғизошиносон тавсия медиҳанд, ки пеш аз ҳама, истеъмоли хӯрок ва дар ҳамин замина ғизонокии хӯрокро ба танзим дароварда, бояд аз истеъмоли хӯрокҳои хамирӣ, хусусан нон (на зиёдтар аз 250 грам дар як рӯз) ва маҳсулоти нонӣ, аз шириниҳо- қанди сафед, гулқандҳо ва дигар маҳсулоти қаннодӣ ва гӯшти серравған даст бикашем.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 11, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Давоми 35 сол дар Тоҷикистон шумораи омӯзгорон беш аз 41 ҳазор зиёд гардид
ИМРӮЗ — РӮЗИ АНГИШТКАНОН. Истихроҷи ангишт то ба 3 миллион тонна расонида мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
«РОҒУН» — РАМЗИ ҚУДРАТИ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Миллати тоҷбарсар ва Сарвари тамаддунофар
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Марҳилаи пур аз рӯйдодҳои муҳим, созандагӣ ва дастовардҳои беназири Тоҷикистон
Пиряхҳоро аз обшавӣ бояд ҳифз намуд, — бардошт аз конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар Душанбе
РАҚАМИКУНОНИИ СОҲАИ ОБ. Барои Тоҷикистон ин масъала аҳаммияти махсус дорад
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Рушди илмро дар ин давра метавон яке аз муҳимтарин дастовардҳои сиёсати давлатии Тоҷикистон арзёбӣ намуд
АҲАММИЯТИ ТАШАББУСҲОИ ҚОНУНГУЗОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ ДАВЛАТДОРӢ. Тақриз ба китоби «Ташаббусҳои қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва аҳамияти онҳо дар рушди давлати соҳибистиқлол»
«РОҒУН» — КОХИ НУР. Сарбанди ин неругоҳ баландтарин садди обӣ дар ҷаҳон хоҳад буд