Файзобод: 1574 нафар бори аввал дар райъпурсӣ иштирок менамоянд
Файзобод, 14.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор намудани раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз аз ҷониби Комиссияи ҳавзавии раъйпурсии №14- и ноҳияи Файзобод дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия якчанд вохӯрии судманд доир ба баргузории ин маъракаи муҳим ва пурзӯр намудани назорат аз болои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва иҷрои як қатор қонуну қарорҳои амалкунанда бо сокинону ҷавонони ноҳия баргузор гардид.
Дар вохӯриҳо таъкид гардид, ки зимни баргузории раъйпурсии умумихалқӣ, ки 22 майи соли равон доир мегардад, ба 40 банди Конститутсияи (Сарконуни) ҶТ тағйиру иловаҳо ворид карда мешаванд, ки ин тақозои замон буда, барои баланд бардоштани некуаҳволии сокинони кишвар, рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва ташаккули ҳуқуқи шаҳрвандон нигаронида шудааст.
Масъулини Комиссияи ҳавзавии раъйпурсӣ аз ҳозирин даъват ба амал оварданд,ки дар раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат варзанд.
Комиссияи ҳавзавии раъйпурсии №14- и ноҳияи Файзобод дар 9 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия 35 участкаи райъпурсӣ таъсис дода, шумораи райъдиҳандагонро 52 ҳазору 626 нафар муайян намудааст, ки аз ин шумора 1574 нафар ҷавонон бори аввал дар раъйпурсӣ иштирок менамоянд.








Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид






