Футзал: Бозиҳои Ҷоми Тоҷикистон

Апрель 7, 2016 11:30

Душанбе, 7.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маҷмааи варзишии Агентии “Тоҷикгосстандарт” мусобиқаи гурӯҳии футболбозон оид ба футзал барои Ҷоми Тоҷикистон ба анҷом расид. Дар натиҷа беҳтарин дастаҳо ба бозиҳои нимниҳоӣ роҳхат гирифтанд.
Дар гурӯҳи “А” ғайричашмдошт дастаи “Сипар”-и Хуҷанд бар ҳарифони номдори худ “Бонки миллӣ”(9:4) ва “Эсхата”-и Кӯлоб(10:3) ғалаба карда, бо ду карат дорандаи унвони чемпионии футзали Тоҷикистон “Диси Инвест” бозиро мусовӣ (5:5) ба анҷом расонд.
Дар натиҷа аз гурӯҳи “А” “Сипар” бо 7 ва “Диси Инвест” бо 5 имтиёз ба рақобатҳои нимниҳоӣ роҳхат гирифтанд.
Дар гурӯҳи “Б” барандаи медалҳои нуқраи Чемпионати Тоҷикистон оид ба футзал “Соро Компания” бар ҳамаи ҳарифонаш бо натиҷаҳои калон ба пирӯзӣ расид. Дастаҳои “Чортан”(6:1), “Самандар”(12:6) ва “Диси Инвест- 2”(10:4) натавонистанд ба “Соро Компания” муқобилияти арзанда нишон диҳанд.
Ба ҳамин тариқ дар бозиҳои нимниҳоӣ пагоҳ “Сипар” бо “Чортан” ва “Соро Компания” бо “Диси Инвест” қувва меозмоянд.

Апрель 7, 2016 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд