Хонандагони шаҳри Турсунзода «Дар меҳмонии осорхонаи Русия»
Душанбе, 20.04.2016 / АМИТ «Ховар» /. Дирӯз барои муаллимон ва хонандагони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 98 ба номи Б. Давлатови шаҳри Турсунзода сайри фарҳангӣ-таълимӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур аз ҷониби намояндагии «Россотрудничество» дар Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.
Барои хонандагони синфҳои болоӣ сайри интернетӣ дар мавзӯи «Владимир Андреевич Фаворский — устоди ҳуруфоти китобӣ, рассоми бузург, суратнигор», бахшида ба 130-солагии зодрӯзи рассоми рус ва шӯравӣ, назариётчии санъати тасвирӣ аз силсилаи «Дар меҳмонии осорхонаи Русия» пешниҳод карда шуд.
Илова бар ин, барои омӯзгорон семинар оид ба усулҳои ҷолиби таълими забон ва адабиёти рус баргузор гардид.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






