Ифтитоҳи гимназияи давлатии №1 дар маҳаллаи «Сари гузар»-и ҷамоати деҳоти Дӯконии шаҳри Норак

Апрель 27, 2016 09:59

Душанбе, 27.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар маҳаллаи «Сари гузар» — и ҷамоати деҳоти Дӯконии шаҳри Норак Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти Гимназияи давлатии рақами 1 оғоз бахшид.
Ба муносибати ифтитоҳи Муассисаи шакли нав хонандагон Сарвари давлатро бо пешниҳоди барномаи фарҳангӣ истиқбол гирифтанд. Онҳо аз осудагиву сулҳу субот шукргузорӣ намуда, нисбат ба ғамхории Президенти кишвар ба соҳаи маориф арзи сипос карданд.
Бинои гимназияи мазкур дар асоси шартномаи тарафайн миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин сохта ба истифода дода шуд.
Корҳои сохтмонӣ дар гимназия бо гузоштани санги асос аз ҷониби Пешвои миллат дар соли 2013 оғоз гардида, он бо харҷи 30 миллион сомонӣ дар зарфи се сол мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Бинои мазкур барои 360 ҷой пешбинӣ шуда, бо тамоми ашёи хониш таъмин гардидааст. 6 кабинети муҷаҳҳази техникӣ, 11 синфхона, китобхона, толори варзишии замонавӣ, ошхона барои 92 ҷойи нишаст ва кабинети таълимии ҳунарҳои мардумӣ ба хонандагону устодон пешкаш карда шуд.
Дар саҳни ҳавлии гимназия майдони футбол, волейбол, теннис бо стандартҳои байналмилалӣ бунёд карда шудааст. Барои таълими хонандагон 20 нафар омӯзгор ва 15 корманди техникӣ ҷалб гардидааст.
Ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои мазкур тибқи стандартҳои байналмилалӣ сохта шуда, тамоми нозукиҳои меъмории хос ба соҳаи маориф риоя гаштааст. Барои гарму муътадил нигоҳ доштани синфхонаҳо масолеҳи сохтмонии замонавию аз ҷиҳати экологӣ бе зарар истифода шудааст. Ҳамзамон шабакаи гармидиҳии мустақил бунёд гардидааст, ки тамоми биноро дар фасли сармо бо гармӣ таъмин менамояд.
Қаблан аз сабаби набудани чунин бинои замонавӣ хонандагон то синфи 8 таҳсили илм намуда, сипас барои идомаи таълим то синфи 11 ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии дигар мерафтанд. Бунёди гимназия акнун ин мушкилиро рафъ кард.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои сохтмонӣ ва синфхонаҳову кабинетҳои фаннӣ шинос шуда, ба кори сохтмончиён баҳои баланд дод.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки бунёди чунин муассисаҳо сол то сол зиёд гашта, имкони беҳ гардонидани сатҳу сифати таълимро бештар намуда, барои омода кардани кадрҳои болаёқат заминаи хуб фароҳам меоварад.

Апрель 27, 2016 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон