ИМА бори нахуст бар зидди ДОИШ бомбаандози В-52-ро истифода кард

Апрель 21, 2016 16:39

Душанбе, 21.04.2016 / АМИТ «Ховар» /. ИМА бори нахуст бар зидди гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» бомбаандози стратегии В-52-ро истифода кард. Дар ин бора сомонаи «Military.com» хабар медиҳад.
Бино ба гуфтаи намояндаи фармондеҳии ИМА дар Шарқи Наздик Стивен Уоррен, ҳавопаймо рӯзи душанбе, 18 апрел дар шахри Каёри ҷануби Мосул ба анбори аслиҳаи ҷангиён зарба задааст.
Бино ба гуфтаи Уоррен, зарбаҳои ҳавоӣ ба ҳадафҳо дар шаҳри Мосул рӯзҳои сешанбе ва чоршанбе низ идома ёфтаанд.
Намояндагони Вазорати мудофиаи ИМА дар аввали моҳи март дар бораи қарори фиристодани бомбаандози стратегии B-52 барои мубориза бо гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломи» эълон карда буданд.
Бомбаандозҳои B-52 бояд бомбаандозҳои B-1-ро, ки моҳи январи соли равон ба пойгоҳи Амрико аз Сурия ва Ироқ баргаштаанд, иваз намоянд.
Бомбаандозҳои стратегии B-52 дар аслиҳаи артиши ИМА беш аз 50 сол боз вуҷуд доранд. Бори охир онҳо соли 1991 дар Шарқи Наздик ба «Амалиёти тӯфон дар биёбон» ҷалб шуда буданд.

Апрель 21, 2016 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад