Ҷиноят ва ҷазо
Файзобод, 8.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Суди ноҳияи Файзобод ба хотири бохабар гардидану дарси ибрат гирифтани ҷавонон аз оқибатҳои терроризм ва ифротгароӣ, дар толори маҷлисгоҳи шаҳраки ноҳия суди сайёр баргузор намуд. Суд узви ташкилоти террористии ба ном “Давлати исломӣ ” Раҷабмурод Маноновро бо моддаҳои 32 қисми 3 – 401 ва 401 бо дастрасии моддаи 15 қисми 1–и Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, бо татбиқи моддаи 67 қисми 3–и Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо, бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳо, дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 14 сол бо адои ҷазо дар калоннияҳои ислоҳии низомашон сахт ба ҷазо ҳукм кард.
Манонов Раҷабмурод Алимардонович, соли тавалудаш 1979, сокини деҳаи Бунгакиёни ҷамоати деҳоти Чашмасори ноҳияи Файзобод мебошад. Ӯ моҳи феврали соли 2015 ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳри Маскави Федератсияи Русия рафта, ҳангоми дар он ҷо қарор доштанаш дар барномаи “Роҳнамо ба сӯи давлати исломи”-и шабакаи интернетии “ZELLO” бо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Азимов Анушервон Раҳматуллоевич, бо тахаллуси “Анас”, ки сокини деҳаи Тутқавули шаҳри Норак мебошад ва айни замон дар кофтукови расмӣ қарор дорад, шиносоӣ пайдо намуд. Номбурда бо роҳнамоӣ ва даъвати онҳо ғояҳо ва мақсади ин ташкилоти террористиро қабул ва ҷонибдорӣ кардааст. Раҷабмурод Манонов бо мақсади ҳамчун аъзои ташкилоти зикршуда дар муноқишаҳои мусаллаҳонаи Ҷумҳурии Сурияи араб иштирок намудан ва дар як вақт ба он ҷалб намудани завҷаашро тарҳрезӣ намуда, моҳи июни соли 2015 завҷааш Гулдаста Саидоваро ҳамроҳи 3 кӯдаки хурдсолаш ба шаҳри Маскав бурд. Бо мақсади амалӣ намудани нияти ҷиноятпешаи худ, бо баҳонаи дар дигар шаҳр кору зиндагӣ кардан 13 июли соли 2015 тавассути хатсайри “Москва Истамбул” ба давлати Туркия сафар намуд. Дар Фурудгоҳи шаҳри Истамбули давлати Туркия онҳоро яке аз аъзои ин ташкилоти террористӣ бо номи “Абуҳузайфа” пешвоз гирифт. Онҳо тахминан ду моҳ дарсҳои ақидавӣ гирифтаанд. Ҳангоми дар Туркия қарор доштан Раҷабмурод Маннонов мақсади ба Ҷумҳурии Сурия рафтан ва дар амалиётҳои ҷангӣ иштирок карданашро ба завҷааш баён намуда, аввал тарғибу ташвиқ ва сипас таҳдид намудааст, ки завҷааш низ бояд дар “ҷиҳод” муқобили “беимонҳо” иштирок намояд.
Бо мақсади амалӣ намудани нияти худ аввалҳои моҳи сентябри соли 2015 ӯ бо завҷа ва фарзандонаш тавассути микроавтобус ба шаҳри Газиантепи Туркия, ки бо Ҷумҳурии Сурия ҳамсарҳад мебошад, равон шуда, ҳангоми убур намудани сарҳади давлатӣ ӯ ва дигарон аз ҷониби марзбонони давлати Туркия дастгир гардиданд ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






