«Истиқлолияти давлатӣ ва рушди хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»- Конфронси ҷумҳуриявӣ
Душанбе, 21.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 15-солагии таъсиси Агентии хизмати давлатӣ тибқи нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ конфронсҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2016 тасдиқ гардидааст, 22 апрели соли 2016 Конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзўи «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор мегардад.
Ҳадафи Конфронс фароҳам овардани замина барои таҳқиқи масъалаҳои идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ, рушди хизмати давлатии муосири Тоҷикистон ва таъмини идоракунии самаранок, таҳлили вазъи имрўзаи хизмати давлатии кишвар, аз ҷумла масоили татбиқи технологияҳои кадрӣ дар мақомоти давлатӣ, ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни давлатӣ, пешгирии коррупсия дар хизмати давлатӣ, инчунин табодули таҷриба дар самти омўзишу пажўҳиши соҳаи хизмати давлатӣ ва муайян намудани самтҳои асосии рушди минбаъдаи он мебошад. Дар ҳамоиши илмию амалии ҷумҳуриявӣ иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимону коршиносон, намояндагони ташкилоту муассисаҳои, ғайридавлатӣ, собиқадорони соҳаи хизмати давлатӣ ва воситаҳои ахбори омма дар назар дошта шудааст.
Дар Конфронс масъалаҳои ташаккул ва рушди соҳаи хизмати давлатӣ, танзими ҳуқуқии фаъолияти хизмати давлатӣ, дастовардҳои ислоҳоти низоми идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ, ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва дурнамои рушди идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор дода мешаванд.
Дар назар аст, ки маърўзаҳои иштирокдорони конфронс дар шакли китоби алоҳида нашр гардида, ҳамчун дастури методӣ барои хизматчиёни давлатӣ ва доираи васеи хонандагон пешниҳод гарданд.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






