Кӯлоб: Талошҳо барои пешгирии бекоршавии ақди никоҳ
Кӯлоб, 13.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Масъулини бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адляи ҶТ дар шаҳри Кӯлоб дар ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот вохӯриҳо доир намуда, роҷеъ ба ҷараёни амалишавии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», « Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ», Кодекси оила ва дигар масъалаҳое, ки ба пешравии ҷомеа вобастагӣ доранд, вохӯриҳо доир намуданд.
Ба иттилои мудири бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар шаҳри Кӯлоб Мумина Иброҳимзода, ба вохӯриҳо бештар ҷавонон ҷалб гардида, дар онҳо масъалаҳои пешгирии бекоршавии ақди никоҳ, дуруст ба роҳ мондани оиладорӣ, ҳидоят намудани кӯдакон ва наврасон ба ватандӯстию меҳанпарастӣ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, аз ҷумла гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ва дигар мавзӯъҳои мубрами рӯз мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни мулоқотҳо иброз дошта шуд, ки дар давоми 3 моҳи соли равон 43 ақди никоҳ ва 14 ҳолати бекоршавии он ба қайд гирифта шудааст.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






