Конфронс: «Нақши Пешвои миллат дар сулҳу суботи кишвар»

Апрель 21, 2016 13:36

Хоруғ, 21.04 2016 /АМИТ «Ховар»/. Олимону донишмандони ҷавони кишвар бо баргузории конфронси илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Нақши пешвои миллат дар сулҳу суботи кишвар» дар шаҳри Хоруғ чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба иди Ваҳдати миллиро идома доданд.
Ин кофронс бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуд ва дар он олимону адибони ҷавон доир ба хизматҳои Пешвои миллат дар роҳи расидан ба сулҳу амонӣ ва созандагию ободӣ маърӯзаҳоро ба баррасии аҳли толор пешниҳод карданд.
Зикр карда шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар лаҳзаҳои хеле душвору ҳассос масъулияти раҳбарии давлатро бар дӯш гирифт ва ду тарафи муқобилро бар сари як миз нишонду ба ҷанги хонумонсӯз хотима гузошт. Агар ин сиёсати дурандешонаи сарвари давлат намебуд, мавҷудияти кишваре бо номи Тоҷикистон дар харитаи ҷаҳон зери суол мерафт.
Ин конфронс дар ҳошияи фестивали дӯстии ҷавонон дар Бадахшон баргузор шуд.

Апрель 21, 2016 13:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад