Конфронси «Ҳолати муосири илм ва қонунгузории фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ» дар ВКД
Душанбе, 7.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар толори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Ҳолати муосири илм ва қонунгузории фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ» бо иштироки роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ, намояндагони сафоратхонаҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ, олимон ва мутахассисони соҳаи ҳуқуқ баргузор гардид.
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода зимни суханронӣ зикр кард, ки мавзӯе, ки имрӯз мавриди баррасӣ қарор мегирад, яке аз масъалаҳои муҳими фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ буда, бар зидди ҷинояткорӣ яке аз самтҳои асосӣ ва муҳим маҳсуб меёбад.
Бояд гуфт, ки мақсад аз баргузор намудани конфронси мазкур муайян намудани мавқеи илмии фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар низоми илмҳои ҳуқуқӣ, таҳлили проблемаҳо, алоқамандӣ ва мутобиқкунии қонунгузориҳои мурофиавӣ-ҷиноятӣ ва фаврӣ-ҷустуҷӯӣ мебошад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






