Кормандони АНМН тарзи ҳаёти солимро тарғиб менамоянд
Душанбе, 15.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар чорчӯбаи «Ҳафтаи тарғиби тарзи ҳаёти солим», ки дар Донишгоҳи (славянии) Русияву Тоҷикистон эълон гардидааст, дар байни донишҷӯёни факултаи филология вохӯрӣ барпо намуда, бо онҳо суҳбати озоду ошкоро намуданд. Намояндагони Агентӣ оид ба натиҷаҳои иҷрои бандҳои «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» иттилоъ доданд ва донишҷӯёнро аз оқибатҳои нохуши даст задан ба маводи нашъаовар ҳушдор дода, таъкид намуданд, ки ҷавонон бояд дар ҳар як амали худ зираку дурандеш бошанд, то ба доми гурӯҳҳои тундрав наафтанд.
Ба андешаи иштирокдорон гузаронидани ин гуна тадбирҳои фаҳмондадиҳӣ байни ҷавонон аз шумораи муҳимтарин чораҳои пешгирикунанда мебошад, ки ҳоло дар муассисаҳои миёна ва олӣ амалӣ гардида истодааст.
Ба донишҷӯён видеофилмҳо дар бораи оқибатҳои фоҷиабори истеъмоли ғайритиббии воситаҳои нашъадор, маводи психотропӣ ва хусусан маводи нашъаовари синтетикӣ намоиш дода шуданд.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






