“Локомотив”-и Маскав ба Душанбе меояд
Душанбе, 18.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти клуби футболи “Истиқлол”-и Душанбе ва дастаи “Локомотив”-и Маскав ба тавофуқ расиданд, ки тобистони соли равон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе вохӯрии дӯстонаи дастаҳои “Истиқлол” ва “Локомотив”-ро барпо намоянд.
Алҳол таърихи баргузории ин вохӯрии дӯстона муайян нашудааст ва гумон меравад, ки баъди анҷомёбии мусобиқоти Премйер-лигаи Русия “Локомотив” бо роҳбарии ҳамшаҳри мо Игор Черевченко, ҳоло сармураббии ин даста ба Душанбе меояд.
Аз ин пештар чемпиони чоркаратаи мамлакат “Истиқлол” се вохӯрии дӯстонаи байналмилалиро бо дастаҳои “Хассен Кассел” ва “Шалке-04”-и Олмон, ҳамчунин “Газовик”-и Оренбург дар Варзишгоҳи марказӣ гузаронида буд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






