“Локомотив”-и Маскав ба Душанбе меояд

Апрель 18, 2016 15:46

Душанбе, 18.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти клуби футболи “Истиқлол”-и Душанбе ва дастаи “Локомотив”-и Маскав ба тавофуқ расиданд, ки тобистони соли равон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе вохӯрии дӯстонаи дастаҳои “Истиқлол” ва “Локомотив”-ро барпо намоянд.
Алҳол таърихи баргузории ин вохӯрии дӯстона муайян нашудааст ва гумон меравад, ки баъди анҷомёбии мусобиқоти Премйер-лигаи Русия “Локомотив” бо роҳбарии ҳамшаҳри мо Игор Черевченко, ҳоло сармураббии ин даста ба Душанбе меояд.
Аз ин пештар чемпиони чоркаратаи мамлакат “Истиқлол” се вохӯрии дӯстонаи байналмилалиро бо дастаҳои “Хассен Кассел” ва “Шалке-04”-и Олмон, ҳамчунин “Газовик”-и Оренбург дар Варзишгоҳи марказӣ гузаронида буд.

Апрель 18, 2016 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд