Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Душанбе, 29.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар маҷлиси Ҳукумат нахуст лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як қатор қонунҳои амалкунандаи мамлакат маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.
Аъзои Ҳукумат аз ҷумла лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ»-ро маъқул дониста, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.
Дар ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии «Бадахшонроҳсоз», Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи политехникии Донишгоҳи давлатии Данғара», Муассисаи давлатии «Маркази конструктории лоиҳакашии технологияҳои нави саноатӣ», табдили номи як зумра корхонаҳои воҳиди давлатӣ ва масъалаҳои дигари вобаста ба ҷудо намудани қитъаҳои замин барои бунёди иншооти маъмурию манзилӣ ва коргоҳу корхонаҳои саноатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар кори маҷлиси Ҳукумат лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Булғористон оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии мусофирон ва борҳо қабул карда шуд.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар анҷоми кори ҷаласа аъзои Ҳукумати мамлакат ва роҳбарони дигар вазорату идораҳои дахлдорро барои иҷрои ҳатмӣ ва саривақтии масъалаҳои дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасишуда вазифадор намуда, ба онҳо доир ба дигар самтҳои фаъолияти мақомоти давлатӣ дар давоми соли равон, аз ҷумла таъмини пешрафти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, рушди картошкапарварӣ, вусъатбахшии кишти такрорӣ ва афзун намудани ҳаҷми содироти меваю сабзавот ба хориҷи кишвар супоришҳои мушаххас дод.




















Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд






