Маросими ҷоизасупорӣ ба Комроншоҳи Устопириён дар КМО доир шуд

Апрель 21, 2016 15:09

Душанбе, 21.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Маросими ҷоизасупорӣ ба Комроншоҳи Устопириён ба ифтихори дастоварди беназири ӯ- ба даст овардани унвони қаҳрамони Осиё, ҳамзамон роҳ ёфтан ба Бозиҳои Олимпии Рио-де-Жанейрои Бразилия дар Кумитаи миллии олимпӣ баргузор гардид.
Котиби генералии Кумитаи миллии олимпӣ Баҳрулло Раҷабалиев зикр намуд, ки мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба ин навъи олимпии варзиш шурӯъ аз соли 1966-ум доир мешаванд ва варзишгарони тоҷик дар тӯли солҳои ширкати худ дар ин мусобиқоти қитъавӣ ҳамагӣ 16 медал ба даст овардаанд ва Комроншоҳи Устопириён нахустин намояндаи Тоҷикистон аст, ки дар таърихи дзюдои тоҷик ба унвони қаҳрамони Осиё соҳиб гаштааст.
Ёдовар мешавем, ки 30 май маросими расмии эълони ин варзишгари тоҷик ҳамчун иштирокдори Бозиҳои олимпӣ доир хоҳад шуд.
Ноиби президенти Федератсияи дзюдои Тоҷикистон Акбар Ғуломов, ки имрӯз аз дастоварди Комроншоҳ ифтихор дорад, ба ӯ дар мусобиқоти дарпешистода — Бозиҳои олимпии Рио-2016 барору муваффақият таманно кард.

Апрель 21, 2016 15:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад