Машваратҳои консулӣ байни Тоҷикистону Туркия
Душанбе, 21.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Машварати навбатии консулӣ миёни сарраёсатҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркия таҳти роҳбарии сардори Сарраёсати Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафир Баҳром Холназаров ва сардори Сарраёсати Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия сафир Меҳмет Самсар 19 апрел дар Туркия баргузор гардид.
Зимни машварати консулӣ рохбарони бахши консулӣ масоили ҳамкории дуҷониба, ёрии ҳуқуқӣ ва вазъи ҳуқуқи шаҳрвандонро баррасӣ намуданд. Инчунин ҷонибҳо ҷиҳати ҷоннок намудани ҳамкории байниидоравӣ дар самти муборизаи муштарак бар зидди терроризм ва экстремизм мубодилаи афкор намуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид






