Мулоқоти Сарвазири мамлакат бо Цю Чаоян
Душанбе, 25.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҳайати роҳбарикунандаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Корхонаи муштараки Зарафшон» таҳти роҳбарии Раиси Шӯрои назоратии ҷамъият Цю Чаоян мулоқот кард.
Дар мулоқот масоили иҷроиши нақшаю лоиҳаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Ҷумҳурии мардумии Чин дар соҳаи коркарди маъданҳои кӯҳӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Таъкид шуд, ки ҳиссаи маҳсулоти истеҳсолкардаи корхона дар ҳаҷми маҳсулоти саноати корхонаҳои маъдани кӯҳии Тоҷикистон дар давоми 4 моҳи соли равон 36,3 %-ро ташкил мекунад.
Ҷонибҳо ба таври муфассал доир ба беҳтарсозии иқтидори истеҳсолӣ, ташкили шароити созгори кори истеҳсолот, фароҳамсозии маҷмуи имконоти муосири фаъолияти коргарон ва тақвияти тадбирҳои сармоягузорӣ табодули афкор карданд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






