Н. Бордюжа масъалаи амниятӣ дар минтақа ва Афғонистонро баррасӣ хоҳад кард
Душанбе, 15.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дабири кулли Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ Николай Бордюжа 17 апрел ба Тоҷикистон сафар мекунад.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, тибқи барнома Н.Бордюжа дар ин сафар бо мақомоти Тоҷикистон дар мавриди ҳамкории Душанбе дар чорчӯбаи СААД табодули андеша мекунад. Дар назар аст, ки дар доираи мулоқот масъалаи амниятӣ дар минтақа ва Афғонистон баррасӣ шаванд.
СААД соли 1992 бо маслиҳати Ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Гурҷистон ва Русия ташкил шуд. Ин кишварҳо соли 2002 тасмим гирифтанд ин созмонро ба як эътилофи низомӣ табдил диҳанд, вале Гурҷистон, Озарбойҷон ва Узбекистон аз он ҷудо шуданд.
Ин созмон 2 декабри соли 2004 ҳамчун узви нозир дар маҷмаи умумии СММ пазируфта шуд.








Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд






