Нақши ҳунар дар ташаккули фарҳанги маънавӣ
Душанбе, 8.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон маҳфили илмию тарбиявии донишкадавии «Фарҳангдӯст» доир гардид.
Дар маҳфил мудири шуъбаи фалсафаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи академик А. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдулло Раҳимов дар мавзӯи «Нақши ҳунар дар ташаккули фарҳанги маънавӣ» суханронӣ намуда, аз роҳи тайнамудаи зиёиёни тоҷик ва нақши онҳо дар бозсозии тафаккури фарҳангӣ, рушди санъати театрӣ ва кино, санъати тасвирӣ, завқи зебоипарастии ҷавонон, таваҷҷуҳи онҳо ба фарҳанг ва арзишҳои миллӣ андешаронӣ кард.
«Мо зиёиён вазифадор ҳастем, ки роҳҳои омӯхтани арзишҳои миллӣ ва мероси фарҳангиро ба ҷавонону толибилмон пешниҳод созем. Истиқлолият талаботи нави худро дорад, то бо диди нав ба ҷомеа назар афканем. Диди нав ин шинохти масъулият пеши худу таърих ва наслҳои ояндааст. Мероси гузаштаро бояд бо назардошти ҳадафу манфиатҳо ва диди нав омӯзем»,- афзуд Саъдулло Раҳимов зимни баромад.
Устодони донишкада низ дар ҳошияи ин мавзӯъ баромад карда, андешаҳои худро баён намуданд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






