Намоишгоҳи байналмилалии таълимӣ-2016 дар «Шератон» доир мегардад

Апрель 18, 2016 14:33

Душанбе, 18.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. 19 апрели соли равон дар меҳмонхонаи «Шератон»- и шаҳри Душанбе маросими расмии кушодашавии 18-умин Намоишгоҳи байналмилалии таълимӣ- 2016 доир мегардад. Намоишгоҳи мазкур бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати муштараки байналмилалии Тоҷикистон- Малайзия «MT- International», бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.
Дар намоишгоҳ зиёда аз 15 донишгоҳҳои бонуфузи кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Малайзия, Британияи Кабир, ИМА, Олмон ва Кипр ширкат меварзанд ва довталабону хоҳишмандон метавонанд дар он иштирок намуда, оид ба таҳсил дар донишгоҳҳои мазкур иттилоъ гиранд.

Апрель 18, 2016 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад