Намояндагони мӯди Тоҷикистон сохтани брэнд ва мудирияти онро омӯхтанд

Апрель 15, 2016 10:21

Душанбе, 15.04.2016 /АМИТ «Ховар/. Бозоршиносон (маркетологҳо), тарроҳон, соҳибкороне, ки дар самти мӯд фаъолият мебаранд ва намояндагони корхонаҳои дӯзандагӣ аз як давраи омӯзишии серӯза доир ба сохтани брэнд ва мудирияти он баҳра бурданд. Ин давраи омӯзишӣ аз 13-ум то 15-уми апрел дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Давраи омӯзишии мазкурро ширкати маъруфи сингапурӣ Textile and Fashion Industry Training Center (TaF.tc International) дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) омода ва баргузор кард. Лоиҳаи МТБ аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи «Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маблағгузорӣ мешавад.
Давраи таълимии “Сохтани брэнд ва мудирияти он” ҳам назария ва ҳам амалияро дарбар гирифта, мавзӯъҳои сохтани брэнд ва қабули он аз ҷониби муштарӣ, истифодаи василаҳои бозорёбӣ ба ҳайси асос ҳангоми брэндсозӣ, мудирияти он ба воситаи тарғибот ва мустаҳкамгардонии мавқеи он дар бозорро фаро гирифт. Ин барномаи таълимӣ ба иштирокдорон имкон фароҳам овард, то донишҳои худро доир ба тарҳрезӣ ва иҷрои тарҳи брэндсозӣ аз оғози пайдоиши идея то ба анҷом — пешниҳоди брэнд ба ҷомеа тақвият диҳанд.

Апрель 15, 2016 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик